«Тоҷикстандарт» аз ҳисоби сертификат аз қарз халос мешавад
Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 50% маблағҳое, ки дар соли равон аз ҳисоби додани сертификат Агентии «Тоҷикстандарт» ба даст меорад, ба ҳисоби ин ниҳод гузаронида мешавад. Дар ин росто палатаи поёнии Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» тағийрот ворид намуд. Ҳадафи ворид намудани ин тағйирот ба Қонуни Буҷети давлатӣ пӯшонидани қарзи «Тоҷикстандарт» дар назди пудратчӣ- ширкати сохтмонии «Мубин» арзёбӣ мегарадад, ки маблағи умумии ин қарз 2,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Меҳринамо Ҷонмаҳмадова -муовини вазири молияи ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумон ҳадафи ворид намудани тағйиротро ба Қонуни Буҷети кишвар шарҳ дода гуфт, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурӣ дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 бинои гузаргоҳи назоратӣ ва бино барои вохӯрии марзбононро дар қисми низомии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лакони шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба маблағи 7, 9 миллион сомонӣ ба истифода дод. Намояндаи масъули вазорати молияи кишвар афзуд, ки маблағи мазкур дар нақшаи хароҷоти ҳисоби хоҷагии Агентии «Тоҷикстандарт» пешбинӣ нагардида буд. Иҷрои корҳои сохтмонӣ бо санади муқоисавии Агентии «Тоҷикстандарт» ва пудратчии сохтмони иншооти дидбонгоҳи марзӣ -ҶММ« «Мубин» низ тасдиқ шудааст. Дар ин давра аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» барои корҳои иҷрогардида 5,1 миллион сомонӣ хароҷот гардида, алҳол қарзи ин ниҳод дар назди пудратчӣ 2 миллиону 758 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирии давлатии молиявии Агентии «Тоҷикстандарт» таҳия шудааст. Тағйирот ба ин лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ҳисоби хоҷагӣ ба даст оварда, барои рушди заминаи моддию техникии Агентии «Тоҷикстандарт», ки яке аз идораҳои калидии кишвар маҳсуб меёбад, равона шаванд. Меҳринамо Ҷонмаҳмадова афзуд, ки дар давоми солҳои 2013-2014 даромади умумии Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҳисоби додани сертификат 21,5 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ хароҷоташ 14,7 миллион сомонӣ, фоидаи агентӣ 6,6 миллион сомонӣ аз ин маблағ инчунин андозҳо пардохт шуда, фоидаи софи агентӣ 4,9 миллион сомонӣ боқӣ мемонад ва 50% ин маблағ ба истиснои 2,8 миллион сомонӣ ба буҷет меравад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






