ВКД ҶТ: ҷаласа оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
Душанбе, 10.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).-Дирӯз бо ташаббуси вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев, сардорони шуъбаҳои дахлдори Ҳукумати шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагон аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласа баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ҷаласа масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми нақлиёт дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки дар ин замина ҳамкории сохторҳои шаҳрӣ бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вобаста ба таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷаласа вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риоя намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






