ВКД ҶТ: Боздид аз хоҷагиҳои ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ
Душанбе, 07.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз хоҷагиҳои ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, бо кишту кори баҳорӣ ошноӣ пайдо намуд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, хоҷагиҳои ёрирасони мазкур масоҳати 50 гектарро ишғол намуда, дар он навъҳои гуногуни ғалладона, аз қабили гандум дар масоҳати 10 гектар, ҷав дар масоҳати 5 гектар, картошка дар масоҳати 7,5 гектар, пиёз, сабзӣ, карам дар масоҳати 2 гектарӣ ва дигар маҳсулоти обчакорӣ: лаблабу, помидор, бодиринг, боимҷон, каду, кабутӣ ва дигар анвои маҳсулот дар масоҳати 10 гектар парвариш ёфта, ҳамасола ҳосили хуб медиҳанд.
Ҳамчунин дар атрофи заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон 3 ҳазор дарахти мевадиҳанда шинонида шудааст, ки ҳосили хуб ба бор меоранд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз хоҷагиҳои ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ба масъулини соҳа барои нигоҳубини заминҳои корам, кишту кори баҳорӣ, парвариш намудани дарахтони сершумори мевадиҳанда ва нашъунамои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






