Вохӯрӣ бо занони маъюб ҷиҳатии ҳалли мушкили онҳо
Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода 31 март дар Ташкилоти ҷамъиятии созмони занони маъюб «Иштирок» бо занони маъюб вохӯрд.
Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти ҷамъиятии созмони занони маъюб «Иштирок» Саида Иноятова дар бораи рӯзгору зиндагии занони маъюб сухан кард.
Раиси кумита Махфират Хидирзода барои ташкили вохӯрӣ ба аъзои ассотсиатсия изҳори сипос намуда, иродаи қавии занҳои маъюбро таҳсин кард, зеро онҳо руҳафтода нашуда, барои зиндагии арзанда мубориза мебаранд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ин занҳо на танҳо касбҳои гуногунро омӯхтаанд, балки соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд.
Фарида Алибахшова, роҳбари Маркази иттилоотӣ-захиравӣ инклюзияи ВМКБ афзуд, ки барои маъюбон омӯзиш ва дарёфти шуғл зарур аст. Бинобар ин бояд дар вилоят маркази омӯзишӣ барои маъюбон таъсис дода шавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






