«Вохӯриҳо дар Русия»- фестивали байналмилалӣ

Апрель 2, 2015 10:33

Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Аз 10 то 15 апрели соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии театрҳои русии давлатҳои ИДМ ва Балтия «Вохӯриҳо дар Русия» барпо мегардад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фестивали мазкур Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский бо намоишномаи Надежда Славина «Ҳикояҳои аввалини Антоша Чехонте» муаррифӣ менамояд.
 
 

Апрель 2, 2015 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш