Вохӯрии ҳайати сарситоди сарҳадбононии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Апрель 27, 2015 11:08

 
Хуҷанд, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд аввалин вохӯрии байни сардорони сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  доир гашт. Мулоқоти ҳайатҳои  расмии дуҷониба дар Қасри Арбоб таҳти роҳбарии  муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ -сардори штаби генералии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник  Х.Сафаров ва муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ- сардори штаби генералии қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал майор Н.Усмонбеков баргузор гардид.                                                
  Зимни вохӯрии ҳайатҳои дуҷониба натиҷабардорӣ оид ба ҷараёни масъалаи муҳофизати марзи давлатӣ миёни ду кишвар, гузаронидани корҳои пешгирикунанда байни аҳолии деҳоти ҳаммарз, пешгирии ғайриқонунии убури сарҳади давлатӣ ва ҳамчунин дар ҳолати ба вуҷуд омадани муаммоҳо ҳангоми муҳофизати хатти сархад ҳал намудани онҳо дар сатҳи роҳбарони минтақаҳои сарҳадӣ ва  риояи шартҳои протоколҳои ба имзорасидаи байнидавлатӣ  оид ба муҳофизати сарҳадро баррасӣ намуданд.          
Мулоқот бо имзои қарордоди ҳамкориҳои судманди дуҷониба ба анҷом расид. 
 

Апрель 27, 2015 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад