Вохӯрии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви СҲШ
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 14 апрели соли 2015 дар шаҳри Маскав таҳти раёсати Федератсияи Русия вохӯрии даҳуми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Дар вохӯрӣ Котиби генералии СҲШ Д.Ф. Мезентсев ва директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ — Чжен Синфэн ва намояндагони давлатҳои нозир — Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон ширкат меварзанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар мулоқот Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва кормандони масъули дастгоҳи Шӯрои амният ва Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амният дар фазои СҲШ бо назардошти вазъ дар минтақаҳои назди давлатҳои аъзои созмони номбурда мавриди таҳлил қарор меёбад.
Бо назардошти фаъол гардидани созмони экстремистии «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳои террористӣ, тарафҳои муқовимат ба терроризму экстремизм ва пешгирӣ намудани сарчашмаҳои маблағгузории онҳоро ба сифати яке аз масъалаҳои асосии фаъолият дар самти таҳкими амният дар минтақа дида мебароянд. Вобаста ба ин, диққати махсус ба масъалаҳои корҳои бартариятноки Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (РАТС) СҲШ, аз ҷумла бо роҳи ба он илова намудани вазифаҳои нави меъёрӣ дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






