Вохӯрии М. Убайдуллоев бо соҳибкорони «Шоҳмансур»
Душанбе, 28.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода). -Субҳи имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо зиёда аз 300 нафар соҳибкори бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт вохӯрӣ анҷом дод. Назар ба иттилои Сайфулло Амонов -сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳибкорони бозори мазкур ба муштариён ба талаботи замона, тозагию санитарӣ ва шаҳрдорӣ ҷавобгӯ будани нуқтаю растаҳои маҳсулотфурӯшӣ дар меҳвари мулоқоти шаҳрдорӣ бо соҳибкорон қарор дошт.
Дар ин росто раиси шаҳр зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии шаҳрдорӣ баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сокинон ва некуаҳволии шаҳриён мебошад.
Таъкид гардид, ки шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони пойтахт тадбирҳои мушаххас меандешад, хусусан бо муҳайё намудани шароити мусоиди кор ва хизматрасонӣ, ки Маҷмааи навбунёди савдои «Пойтахт-90» яке аз чунин марказҳои бузургест, ки дар он барои фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон шароити мусоиди корию хизматрасонӣ, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосиру пешрафтаи хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






