Вохӯрии намояндагони Роғун бо донишҷӯён
Душанбе, 6.04.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 3 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон намояндагони шаҳри Роғун- мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимити давлатии шаҳри Роғун Шаҳноз Саидова ва мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии раиси шаҳри Роғун Раҳматулло Гиёев бо донишҷӯёне, ки аз ин шаҳр дар донишкада таҳсил менамоянд, мулоқот намуданд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов ба меҳмонон оид ба самтҳои фаъолияти донишкада, ихтисосҳои амалкунанда ва шароити таҳсилу зисти толибилмон маълумот дода, афзуд, ки донишҷӯёнро мебояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ бошанд, аз техника ва технологияҳои навин истифода намуда, забонҳои хориҷиро омӯзанд, чунки талаботи ҷомеаи имрӯза инро тақозо дорад.
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Шаҳноз Саидова гуфт, ки роҳбарияти шаҳри Роғун ҳамеша аз ҳолу аҳволи донишҷӯён бохабар буда, пайваста онҳоро дастгирӣ менамояд.
Донишҷӯён аз ин ғамхорӣ миннатдории худро изҳор дошта, ба меҳмонон таклифҳои худро пешниҳод карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






