Вохӯрии С. Аслов бо С. Эллиотт
Душанбе, 30. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд.Пас аз вохӯрӣ дар бинои вазорат маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандӣ намудани кормандони маҳаллии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Созишномаро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт имзо намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






