Ярмаркаи вилоятии ҷойҳои корӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 07.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз, 7-апрели соли ҷорӣ дар майдони Регистони бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ярмаркаи вилоятии ҷойҳои корӣ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Наим Дадобоев иттилоъ дод, дар ярмарка зиёда 123 намояндаи ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуда, ба корҷӯён 1683 ҷойи корӣ пешниҳод намуданд.
Дар ярмарка 900 нафар шаҳрванди корҷӯй иштирок намуд, ки дар умум ба 98 нафар шаҳрванд барои бо ҷойи кор таъмин гардидан роҳхат дода шуда, 32 нафар ба муассиссаҳои таълимии низоми агентӣ ҷалб шуд.
Бояд гуфт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят алъон 50 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуда, зиёда аз 196 нафар корҷӯй аз тариқи ярмаркаҳо бо кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 441 нафар шаҳрванд ба касбомӯзӣ ва 113 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






