Ғалабаи футболбозони навраси Тоҷикистон
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Марҳалаи гурӯҳии Ҷашнвораи минтақавии футболи Конфедератсияи футболи Осиё (U -14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки дар Академияи клуби футболи «Истиқлол», воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор идома дошт, анҷом ёфт.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври хотимавии пайти гурӯҳӣ дастаи Шри — Ланкаро бо ҳисоби 7:0 мағлуб сохт. Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «А» дастаҳои Эрон ва Ҳиндустон бозиро бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карданд.
Имрӯз, 26 май, вохӯриҳои охирини ҷашнвора баргузор шуда, дастаҳои Эрону Покистон, Непалу Тоҷикистон ва Ҳиндустону Афғонистон бо ҳам вомехӯранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






