Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурия
Душанбе, 27.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Шаби 26 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 17 ҳазору 100 тамошобин сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 21-юм бозингари дастаи «Ал-Ваҳда» Раслан Ал-Курдӣ ба дарвозаи дастаи «Истиқлол» гол зад ва ҳисобро боз намуд. Ва дар дақиқаи 34-ум ин бозигар тӯбро вориди дарвозаи худ намуд ва ҳисоби бозӣ баробар шуд.
Бояд зикр кард, ки дар қисми дувум ва дар вақти иловагӣ ҳисоб тағйир наёфт ва бозӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ кашонида шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи «Истиқлол» ба дарвозаи меҳмонон чаҳор гол зад ва ба дарвозаи худ ду гол сар дод. Ҳамин тавр, дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби умумии 5:3 бар дастаи «Ал-Ваҳда» пирӯз шуд ва ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ((AFC)-2015 роҳ ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






