Қадрдонии иштирокчиёни фаъол
Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Бо баргузории як чорабинии фарҳангӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоле, ки дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ширкати фаъолона доштанд, қадрдонӣ гардиданд.
Нуралӣ Шоев, ректори донишгоҳ дар чорабинӣ изҳор дошт, ки донишгоҳ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳми бузург дошта, донишҷӯёни он дар ҳамаи чорабиниҳо иштироки фаъолона доранд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ иштирок дошт, донишҷӯёнро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, барои ширкати фаъолонаашон дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар рӯзҳои ид арзи сипос намуд. Ҳамзамон дар чорабинӣ таъкид шуд, ки ҷавонон барои расидан ба муваффақият ва роҳ ёфтан ба саодатмандӣ бояд ҳар лаҳзаро бамаврид истифода намоянд.
Роҳбари ҷавонони мамлакат зикр намуд, ки имрӯз барои ташаккули ҷавонон тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд неруи худро ба созандагию бунёдкорӣ сарф намоянд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Мастона Қобилова, Макнуна Ниёзова, Қудратулло Кабутов, Шӯҳрат Рашидов, Шодӣ Комилов ва ифтихонома ба Шаҳло Муродова, Ситора Содиқова, Марҷона Орипова ва дигарон, ки дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон иштироки фаъолона доштанд, супорида шуд.
Дар фарҷом ба хотири болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






