Қайроққум: Баргузории ҷаласаи котибони Шӯроҳои амнияти СААД

Май 21, 2015 14:15

Қайроққум, 21.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз,  20 май дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.   
Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров доир гашт, котиби Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва котибони шӯроҳои амнияти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. 
Зимни баргузории ҷаласа ҷонибҳо оид ба масъалаи амнияти байналмилалӣ ва тадбирҳои кишварҳои узви СААД ҷиҳати бартараф кардани таҳдид ва хатарҳо барои минтақаи амнияти дастҷамъӣ, оид ба вазъият дар шарқи Аврупо, Осиёи Марказӣ, Қафқози шимолӣ ва Шарқи Наздик,  инчунин табодули андешаҳо ҷиҳати мушкилоти фарогир, ки ба таъмини амнияти минтақаи СААД ва манотиқи атрофи он тааллуқ дошта  ва ҳамчунин раванди ҳаводиси Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи таҳти уҳдадории СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Дар интиҳои ҷаласа ҳалномаи нақшаи тавсияҳои намояндаҳои кишварҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуввуми соли 2015 ва нимсолаи аввали соли 2016, ҳалномаи протоколӣ оид ба замон ва баргузории нишасти навбатии ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба имзо расид.
Ҷаласа бо нишасти хабарӣ анҷом ёфт.
 

Май 21, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд