Ҷаласаи 38 — уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амнияти кишварҳои ИДМ
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 25 то 27 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 38 уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва мутахассисони хадамоти давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа тадбирҳои муштарак ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои узви ИДМ, роҳҳои афзун намудани самараи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротталабӣ, масъалаи вусъати фаъолияти ифротталабӣ дар фазои ИДМ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Аъзои Шӯро ҳамчунин масоили ташкили ҳамкорӣ ва табодули иттилоотии мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ марбут ба таъмини бехатарии чорабиниҳои байналмилалии ҷамъиятию сиёсӣ ва варзишӣ дар Федератсияи Русияро баррасӣ менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






