Ҷаласаи Х Гурўҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба муҳоҷират
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрўз, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 ба кори худ оғоз кард. Дар ҷаласа Гурўҳи кориро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва аз ҷониби Федератсияи Русия муовини роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия В. Яковенко роҳбарӣ менамоянд. Инчунин дар кори ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов И. С. ва роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В.Маркевич иштирок доранд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур, рўзномаи ҷаласа 7 масъаларо ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур дар бар гирифта, дар он оид ба омодагии тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии 4 адад лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби татбиқшавии он, оид ба ҷалби муташакилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандони тарафҳо ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират (мубодилаи иттилоот) баррасӣ шуданд.
Инчунин дар ҷаласа вобаста ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии мақомоти муҳоҷирати тарафҳо, кори гурўҳи экспертӣ доир ба баррасии 5табақаи категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия манъ гардидааст, оид ба ҳалли масъалаи эътирофи сертификатҳои тиббӣ оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оид ба ҳолати амалишавии муқаррароти Протоколи байниҳукуматӣ аз 29 октябри соли 2013, ки иҷозати кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳлати то 3 сол муайян кардааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар назар аст, ки баъд аз музокирот тарафҳо оид ба ҳар як банди рўзнома қарорҳои мушаххас қабул намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






