Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ
Душанбе, 28.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 майи соли 2015 дар Давлати Кувайт ҷаласаи 42-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) кори худро шурӯъ намуд. Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарӣ менамояд.
Ҷаласаи мазкурро шайх Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, Амири Давлати Кувайт, ки дар соли пешомад раисии СҲИ-ро ба уҳда дорад, ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар кори ҷаласа масоили рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои созмон, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин вазъияти ноороми минтақа, аз ҷумла дар кишварҳои Яман, Ироқ, Сурия, Либия ва кишварҳои алоҳидаи қитъаи Африка мавриди баррасӣ қарор доранд.
Дар доираи рӯзи аввали кории Шӯрои вазирони созмон ҷаласаи махсус дар мавзӯи “Стратегияи муборизаи самаранок алайҳи терроризм, экстремизм ва исломофобия” баргузор шуд.
Дар ҳошияи рӯзи аввали ҷаласа мулоқотҳои муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Мамлакати Ҳошимии Урдун Насер Ҷуда, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мусинов ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Ироқ Ян Кубиш доир гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






