Ҷаласаи XVI-уми муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар
Душанбе, 27. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз, 26 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои Русия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон иштирок намуданд. Дар ҷаласа тарафҳо натиҷаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар нимсолаи аввали соли 2015, дар даҳ соли охир, чораҳоро оид ба таҳияи «Стратегияи зиддимухаддиротии СААД», оид ба натиҷаҳои гузаронидани амалиёти зиддимухаддиротии «Канал-патрул» ва машқҳои фаврӣ-тактикии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси мақомот оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои СААД муҳокима намуданд.
Инчунин масъалаҳо дар бораи Шӯрои ҷавонони СААД, фаъолияти Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ба ҳайси донишгоҳи таълимии заминавӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи назорати маводи нашъаовар барои кишварҳои аъзо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи ҷаласа байни директори АНМН назди Президенти ҶТ Р. Назарзода ва директори Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар В. Иванов «Созишнома байни АНМН ва ХФНМН оид ба расонидани кумак ба АНМН дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» ба имзо расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






