Ҷамъбасти чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”

Май 29, 2015 16:19

Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар маркази фарҳангии ҷавонон  — “Ориёно” бо баргузории як чорабинии фарҳангӣ чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буданд, ҷамъбаст гардиданд. 
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ҳамаи ҷавонон ва иштирокдоронро табрик намуд. 
Номбурда изҳор дошт, ки 23 май эълон гардидани  Рӯзи ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода аз дастгирии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, иштирокдорон ва ҷавононро ба аз бар намудани илмҳои замонавӣ даъват кард.
Дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита Аҳтам Абдуллозода ба як гурӯҳ кормандони васоити ахбори омма,  кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои кумита барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатӣ дар доираи “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон — давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” “Сипоснома” тақдим гардид.
Инчунин дар маросими ҷамъбастии чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” ба гирандагони Стипендияи президентӣ маблағи пулӣ ва шаҳодатнома дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки  чорабиниҳои идона  бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар тӯли як моҳ идома карда, дар тамоми воситаҳои ахбори омма инъикоси  васеъ ёфтанд.
 
 

Май 29, 2015 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид