Ҷамъбасти Форуми ҷавонон дар Кӯлоб

Май 19, 2015 08:47

Душанбе, 19.05.2015. («АМИТ Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» 15-16 майи соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон-неруи рушди зеҳнии кишвар» дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб доир гардид.   Дар Форуми байналмилалӣ олимон ва ҷавонони ихтироъкор ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд. 
Ба таъкиди масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузории Форум ба рушди интеллектуалӣ ва муаррифии неруву имкониятҳои зеҳнии ҷавонони 68 шаҳру ноҳияи мамлакат равона гардид. 
Дар қисмати дуввуми Форум, ки 16 май дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт, олимону ихтироъкорон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва меҳмонон аз Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, ҳунару истеъдод ва корҳои анҷомдодаи худро намоиш доданд. 
Дар анҷом ба нафароне, ки дар баргузорӣ ва кори Форум саҳм доштанд, аз ҷониби кумитаи тадорукот сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим  шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.
 
 

Май 19, 2015 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад