Ҷашнвораи 1Х донишҷӯён дар Қуния

Май 5, 2015 10:57

Қуния, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангиз  Раҳимова).- Аз 1 то  3  май  дар Донишгоҳи  «Салҷуқ» — и шаҳри  Кунияи  Туркия  ҷашнвораи  навбатии 1Х  донишҷӯёни тоҷик  дар  ин  кишвар  баргузор гардид. 
Дар  ҷашнвораи  ҳарсола, ки  ҳукми  анъана  пайдо  кардааст,  беш  аз  250  нафар   донишҷӯёни  тоҷик,  аз ҷумла  15  нафар  духтарон  аз  донишкадаҳои  мухталифи олии   шаҳрҳои  Истамбул, Анқара,  Измир, Ғозиёнтеп, Эскишаҳр, Қайсарӣ, Қуния, Самсун, Қибриси  Шимолӣ, Сақария ва  Бурс  ширкат  доштанд. 
Сафири  Тоҷикистон  дар  Туркия  Фаррух  Шарифов  дар  рӯзи  якуми  ҷашнвора бахши расмии маросимро, ки дар он  раиси  палатаи  савдои шаҳри  Қуния  Аҳмед Ориҷӣ,  муовини  ректори Донишгоҳи  «Салҷуқ» Маҳмад  Мӯсо  Озҷан ширкат  доштанд,  ифтитоҳ  намуда,  меҳмонон  ва  донишҷӯёни тоҷикро  муборакбод  кард. 
Сафир  зимни  суханрониаш  иброз  дошт, ки  ҷашнвора  дар  шаҳри  Қуния  доир  гардид,  ки  бо  фарҳангу  таърихи  худ  машҳури  ҷаҳон  гаштааст.  Дар  ин  шаҳр  мақбараи  Мавлоно Ҷалолиддини  Румӣ  воқеъ  аст, ки  он  ба ҷашнвора ҳусни  нав  мебахшад. 
Муовини  ректори Донишгоҳи  «Салҷуқ»  Маҳмад  Мӯсо   зимни  суханрониаш  зикр  намуд, ки  пазироии  донишҷӯёни  тоҷик барои  мардуми  Туркия  басо  гуворост. Мавсуф  илова намуд, ки  чунин   чорабиниҳо   муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи  ҳар  ду  кишварро  рушду  густариш  медиҳанд.
Дар рӯзи  дуюми  ҷашнвора донишҷӯён  бо  нависанда, таърихшинос, ҷоизи  мукофоти  давлатии Рӯдакӣ Бароталӣ  Абдураҳмонов  ва муовини  якуми  раиси Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, Нависандаи  халқии  ҶТ  Абдулҳамид  Самад  вохурданд. Дар  ин  мулоқот  набераи насли  23 -юми  Мавлоно Ҷалолиддини  Румӣ  Фахрия Сонар  бо  аҳли  оилааш  ширкат  дошт.
Дар рӯзи  сеюми  ҷашнвора ҳозирон донишҷӯи  соли  чоруми  Донишгоҳи  Анқара  Абдурашид  Абдуҳомидовро такроран  раиси Шӯрои  донишҷӯён  интихоб  намуданд.
Ҷашнвора  бо  сайри  ҷойҳои таърихии  Қуния,  аз ҷумла  оромгоҳ ва осорхонаи  шоиру  файласуфи  бузург Мавлоно Ҷалолиддини  Румӣ  поён  ёфт.
Ёдовар мешавем, ки  ҷашнвораи  мазкурро  Сафорати  Тоҷикистон  дар  Туркия  бо  дастгирии Консулгарии  генералии  Тоҷикистон  дар  Истамбул  аз соли  2006  инҷониб ҳар  сол дар  минтақаҳои  мухталифи  Туркия  доир  менамояд. Ҷашнвора   ба донишҷуёни тоҷик  ва  шаҳрвандони  Тоҷикистон  имкон  медиҳад, ки  баробари таҳсил дар  Туркия  ба  шаҳрҳои  гуногуни он  низ сафар  кунанд.

Май 5, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад