Ҷавонони созанда бошем
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар Қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бо ибтикори китобхонаи шаҳрӣ дар доираи 30- рӯзи ҷавонӣ дар мавзӯи “Ҷавонони созанда бошем” мизи мудаввар доир гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар чорабинӣ намояндагони прокуратура ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр перомуни масоили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр маълумот доданд.
Коршиноси ҳуқуқӣ, намоянда аз прокуратураи шаҳр Рустам Абдураҳмонов ва ёрдамчии прокурори шаҳр Беҳрӯз Мирзораҳимзода перомуни пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ, ба ҷинояткорӣ даст задани бархе аз ҷавонону наврасон ва амсоли инҳо ибрози назар намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






