Ҷойи ҳуқуқи Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир
Душанбе, 28. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Масъулини Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро доир намуданд.
Дар кори конфронс доираи васеи намояндагони ҳокимияти давлатии иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд. Зимни суханронӣ мутахассисон ва коршиносону олимони соҳаи ҳуқуқ дар атрофи ҷойгоҳи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳон, табиати ҳуқуқӣ ва моҳияти низоми ҳуқуқӣ, низоми ҳуқуқии романию олмонӣ, низоми ҳуқуқии умумӣ, мусулмонӣ, одатӣ, тавсияи умумии дигар низомҳои муосири ҳуқуқ ва амсоли инҳо таҷдиди назар намуданд.
Дар конфронс ҳамчунин масъалаҳои наздикшавӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозӣ ва якҷояшавӣ, таъсиррасонӣ ва таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқ дар қонунгузорӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ба мисли ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, маъмурӣ, андоз, гумрукӣ, соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ дар вобастагӣ ба таҷрибаи як силсила кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






