Ҷоми КФО: «Истиқлол» «Аҳал»-ро торумор кард
Душанбе, 14.05.2015.(АМИТ «Ховар»).- Қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе дар вохӯрии ниҳоии даври шашуми пайти гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе собиқ қаҳрамони Туркманистон – дастаи «Аҳал»-ро бо ҳисоби 5:2 мағлуб сохт. Акнун дастаи «Истиқлол» бо 11 хол бо вохӯрии 1/8 ниҳоии мусобиқот роҳхат пайдо намуда, дар гурӯҳи “C”мақоми аввалро касб кардааст.
Бо ҳамин тариқ, пайти гурӯҳии ҷоми КФО анҷом ёфта, аз рӯи натиҷаи он ҳамаи дастаҳое, ки бояд дар вохӯриҳои 1/8 ниҳоӣ иштирок намоянд, маълум гардиданд. Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» -и пойтахт 26 май дар шаҳри Душанбе бо клуби футболи “Ал –ваҳда”-и Сурия вомехӯрад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






