15 май- Рӯзи байналмиллалии оила

Май 15, 2015 09:47

Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзи байналмиллалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола рӯзи 15 май таҷлил мегардад. 
Мақсад аз таҷлили ин ҷашн ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. 
Оила ҳамчун сохтори асосии ҷомеа нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ва таърих, омили рушду субот буд ва хоҳад монд. 
Дар ҳама давру замон ба пешрафту рушди кишвар аз вазъи оила дар ҷомеа ва муносибати давлат ба он баҳо медиҳад. 
Ҳаёти ҳар як  инсон аз  оила оғоз гардида, дар ҳамин ҷо вай  ҳамчун шаҳрванд ташаккул меёбад. Оила- ин сарчашмаи меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром ва ҳамаи он чизе ки аз он ҷомеаи мутараққӣ сарчашма мегирад ва инсон бе он вуҷуд дошта наметавонад. 
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.
Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.
Маҳз ҳамаи инро ба назар гирифта Президенти кишвар соли 2015-ро соли оила эълон намуд. 
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ аз оғози соли 2015 баргузории як силсила чорабиниҳоро ба назар гирифтааст. Аз ҷумла,  13-уми майи соли равон дар ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилатии оила чорабинӣ доир гардид. Дар он сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нодира Мирзозода паёми табрикии раиси вилоятро бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ба самъи иштирокдорон расонид.
Раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода изҳор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру нишондодҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоятро дар мадди аввали фаъолият қарор дода, ҷиҳати бунёди оилаҳои мустаҳкаму намунавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарнамоии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон мусоидат мекунад, мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.
Бояд гуфт, ки дар доираи соли оила дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир гардида истодаанд.
 
 

Май 15, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад