30 Рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Қубодиён
Душанбе, 15.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 Рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ аз шароити зисту зиндагии тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дидан намуда, ба онҳо либоси мактабӣ тақдим намуданд.
Сараввал рохбарияти кумита хонандагонро бо Рӯзи ҷавонон шодбош намуда, иброз дошт, ки имрӯз тамоми қишри ҷомеаи зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, барои таълиму зиндагии шоиста шароитҳои.мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Инчунин аз тарафи Кумита барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои фарҳангию-маърифати маводҳои техникӣ аз ҷумла, қувватфизо, микрофон, таблак, рубоб, доира, аксбардор ба мактаб-интернати мазкур ҳадя карда, дастурхони идона ороста шуд.
Тарбиятгирандагон дар навбати худ барномаи ҷолиби фарҳангиро барои кулли иштирокчиён омода ва дар васфи Ватан-Модар, дустиву рафоқат ва сулҳу вахдат сурудҳо сароиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






