45 донишҷӯ донишгоҳро «идора» менамояд

Май 5, 2015 09:42

Душанбе, 5.05.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  аз 4 то 11 май «Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идораи Раёсати донишгоҳ ва факултаҳои он» гузаронида мешавад. 
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар  донишгоҳ бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов  ҳадафи гузаронидани ин чорабинӣ шарҳ дода шуд. Анвар Мақсудов гуфт, ки ин чорабинӣ ҷиҳати татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, шиноскунии донишҷӯён бо низоми корбарӣ ва идораи Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон амалӣ мешавад. Аллакай комиссияи салоҳиятнок аз тариқи суҳбат донишҷӯёнро муайян ва интихоб намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинӣ тадбирҳои амалӣ андешидаанд. 
     Ҷоиз ба зикр аст, ки иштирокчиёни «Ҳафта» оид ба иштирок ва иҷрои вазифа дар Раёсати донишгоҳ дар ҳаҷми 2-3 саҳифа ҳисобот пешниҳод менамояд ва ба иштирокчиёни «Ҳафта» Гувоҳномаи Раёсати донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар «Ҳафта худидораи  Раёсати донишгоҳ» дода мешавад.
Ҳамин тавр, 45 нафар донишҷӯ ҳафтаи равон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ректор, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои раёсат, деканҳо ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ фаъолият менамоянд.
 
 

Май 5, 2015 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад