56 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳурӣ берун шуд

Май 21, 2015 13:55

Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба иттилои  сардори шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати мухоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии ҶТС. Файзалиев дар давоми чор моҳи аввали соли 2015 амалиёти муштарак барои муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозати расмӣ кору зиндагӣ мекунанд, инчунин санҷишҳои назоратиро баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, бахусус шаҳрвандони хориҷӣ  мунтазам доир менамояд.
     Дар асоси нақшаи кории Раёсат оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва  будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби кормандони шуъба зиёда аз 35 ширкат таҳти санҷиш қарор дода шуда, муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 2049 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 3615 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шуд. 
   Дар натиҷа бо мусоидати кормандони шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ 545 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозат барои кор ба шуъбаи иҷозатномадиҳӣ фиристода шудаанд.
  Бояд зикр кард, ки мутахассисони хориҷӣ асосан аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Итолиё, Қирғизистон мебошанд.   
  Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба 83 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 499 ва 138 — и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Точикистон  санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 56 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун шуданд.
 
 

Май 21, 2015 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!