Аз корвони саломатӣ сокинони ҷамоати Эсанбой хушнуд гаштанд
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Корвони саломатӣ ин навбат аз ҷониби мутахассисони маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ба гӯшаи аз ҳама дурдасти ноҳия- ҷамоати Эсанбой равона шуд. Дар ҳайат 15 нафар табиби соҳибтаҷриба ва 10 нафар корманди миёнаи тиб ба истиқоматкунандагони деҳаҳои Сайёд, Хоҷабулбулон, Ишқобод, Ганҷина, Дӯстӣ, Марғзор ва Сафедчашма хизмати ройгони тиббӣ расониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, мутахассисони гӯшу гулӯ ва бинӣ, чашм, асабшинос, осебшинос, пӯст, духтурони занонаву кӯдакона, духтури бемориҳои дарунӣ ва ҷарроҳону таҳлилгаронро сокинони ин минтақаи дурдаст бо хушнудӣ пазируфтанд. Табибон бо дастгоҳҳои бо худ овардаашон, аз қабили дастгоҳи муайянкунандаи қанди хун, таҳлили умумии пешоб. таҳлили умумии хун, ташхиси фавқуссадо, сабти барқии дил тавонистанд аҳолии ин деҳаҳоро аз ташхис гузаронида, ба онҳо маслиҳатҳои судманд диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






