БҶ татбиқи лоиҳаҳояш дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад

Май 16, 2015 11:25

 
Душанбе, 16.05.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухангӯи гурӯҳи директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Патрисе Пагано ба хабарнигрон гуфт, ки  имрӯз дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сармоягузориҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда, инчунин пешбурди ислоҳотҳо ва таъмини рушд баррасӣ шуданд.
Вай аз ҷумла гуфт: «Ҳафт нфар директорони иҷроия ва ду нафар муовинони директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ 13 май ба Тоҷикистон омаданд, ки сафари онҳо имрӯз анҷом меёбад.  Дар доираи ин сафари минтақавӣ мо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳам дидан мекунем. Директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ мунтазам аз кишварҳое, ки дар онҳо бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаҳо татбиқ мешаванд, дидан мекунанд. Дар доираи ин сафарҳо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо бевосита дида шуда, масъалаҳои рушд бо шарикони ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд. Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 25 нафар иборатанд, аз ҷониби кишварҳои аъзои бонк интихоб мешаванд. Нақши директорон ин муаррифӣ кардани манфиатҳо ва масъалаҳои ин кишварҳо дар Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Ҳадафи асосии мо ин аз байн бурдани камбизоатӣ ва бо ҳам дида баромадани масоили рушд мебошад».
Дар идома П. Пагано изҳор дошт, ки барои бисёрии мо ин сафари аввалин ба Тоҷикистон буд ва мо аз зебогии ин кишвар ва меҳмоннавозии мардуми он хеле сарфароз шудем. Мо аз раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқшаванда дидан намуда, аз натиҷаҳои онҳо хеле хурсанд шудем. Бахусус, мо аз вилояти Хатлон дидан намуда, бо кормандони соҳаи тиб, деҳқонон, муаллимон мулоқотҳо намуда, хушҳолем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ин бахшҳо маблағгузорӣ мекунад. Ба мо аз ҳама бештар он ҷолиби диққат буд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ ба чопи китобҳои дарсӣ мусоидат мешавад. Инчунин, мо аз шаҳри Хоруғ ва дар инҷо аз Ширкати «Помирэнержӣ» дидан намудем, ки ин ширкат аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва инчунин гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо дигар шарикон маблағгузорӣ мешавад. Ин ширкат нерӯи барқи ба аҳолии Бадахшон заруриро таъмин менамояд. 
«Ҳоло маҷмӯи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 21 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 323 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳадафи ҳамаи ин лоиҳаҳо он аст, ки кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар боло бурдани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ дастгирӣ намояд. Ҳамаи ин лоиҳаҳо ва дастгириҳо дар самти рушди иқтисодӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз омилҳои беруна равона шудаанд. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки дасгирии худро минбаъд низ ба Тоҷикистон идома дода, дар болоравии сатҳи зиндагии аҳолии он мусоидат намояд», — тазаккур дод дар хотима сухангӯи директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ. 

 

Май 16, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд