Баргузории ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар Тоҷикистон
Душанбе, 14.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19-20 май дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад.Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Каҳҳоров ҷараён гирифта, дар он Котиби генералии СААД, котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки дар кори ин ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои созмон, авзои бехатарии минтақа, пайомадҳои равандҳои мубрами сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ин созмон муҳокима ва баррасӣ мегарданд. Дар фарҷоми ҷаласа ба имзорасии як силсила санадҳои мувофиқашуда дар назар аст. Ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД бо баргузории нишасти матбуотӣ анҷом меёбад.Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи СААД аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






