Барномаҳои нави электронӣ-низоми нави фаъолият
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо ташаббуси ширкати «Орекл Текнолоҷи» дар шаҳри Душанбе машварат доир гардид, ки дар ҷараёни он мутахассисони соҳаҳои гуногун барои баланд бардоштани таҷрибаи худ дар соҳаи технология ва инноватсия ширкат карданд. Тавре ки баён гардид, истифодаи технологияи муосир тақозои давру замон буда, тавассути он корҳои гуногунро метавон осон гардонд.
Хизматрасонии ширкати номбурда ба самте равона гардидааст, то дар ҷомеа барои фаъолияти соҳаҳои ҳаёт сабукиҳоро пеш орад. Таъкид рафт, ки инчунин барои рушди иқтисодиёт ва тиҷорату пешрафт имконияти нави техникиро бояд амалӣ кард. Ворид шудани навовариҳои техникӣ бо мурури замон ва ба миён омадани талаботи нав ба нави инсоният дида мешавад. Аз ин рӯ, технологияи орекл сол то сол сифатан баланд ва ба талаботи давру замону ниёзи истифодабарандагон ҷавобгӯ гардонида мешавад. Барномаҳои нави электронӣ низоми нави фаъолиятро ба вуҷуд меоранд ва дар рушди тиҷорату савдо миёни ширкатҳо дар саросари олам кори инсонро беҳтар месозанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






