Баррасии ҳамкориҳои сайёҳӣ бо Фаластин
Душанбе 20.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар доираи мулоқоти худ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳанӣ масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ ва варзишро бо давлати Фаластин мавриди баррасӣ қарор додааст.
Тавре ки дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод, вохӯрӣ имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир гардид.
Ҷонибҳо дар мулоқот ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ дар самти туризм ва варзиш баён дошта, изҳор доштанд, ки ин барои рушди соҳаи сайёҳии ҳарду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки туризм соҳаи муҳим буда, шаҳрвандони кишварҳо хоҳиши дидани манзара ва мавзеъҳои туристиро доранд.
Ба иттилои Аҳтам Абдуллозода дар самти варзиш дар кишвар корҳои зиёд анҷом ёфта, ин соҳа рӯз ба рӯз инкишоф ёфта истодааст. Аз ин рӯ, гуфта шуд, ки барои ҳамкорӣ дар ин самт ягон мушкилии ҷиддӣ мавҷуд набуда, ҷонибҳо барои тавсеа бахшидани муносибот дар ин самт низ имкони хуби ҳамкориро доранд.
Дар анҷом ҷонибҳо аз мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба сафир туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






