Бозии даври шашуми Ҷоми AFC-2015 байни «Истиқлол» ва «Аҳал»
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олипии кишвар, дастаи «Аҳал»-и Туркманистон барои бозӣ ба муқобили «Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 ба Душанбе омад.
Гуфта мешавад, ки бозии даври шашуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни «Истиқлол» ва «Аҳал» шаби чоршанбеи 13-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, баъди натиҷагирии панҷ даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «С” дастаи»Ал-Қодсия” бо 10 имтиёз ((таносуби тӯбҳояш — 6-4) пешсаф аст. «Истиқлол” бо 8 имтиёз (таносуби тӯбҳояш — 7-6) дар ҷойи дуюм ва «Аҳал” бо 6 имтиёз (5-9) дар ҷои сеюм қарор доранд. «Эрбил” бо 4 имтиёз (6-7) дар ҷойи охирин — чорум — мебошад.
Барои роҳхати дувум ба даври ҳаштякниҳоӣ «Истиқлол” ва «Аҳал” талош мекунанд. Ба «Истиқлол” барои ба ҳаштякфинал баромадан бозии охиринро бо «Аҳал” мусовӣ кардан басанда аст.
Бозии аввал байни ин дастаҳо дар Ашқобод бо пирӯзии «Истиқлол” бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






