Чорабиниҳои фарҳангии Шаҳринав дар Боғи Ирам
Душанбе, 18. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Боғи Ирами пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. 16-уми май низ барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон ва сайругашти мардум фазои боғро зебу зиннати хоса бахшид.
Ин навбат сокинони ноҳияи Шаҳринав бо дастовардҳои худ ба пойтахт ҳозир шуданд. Бонувони ҳунарманд бо ҳунару малакаи зебову асили худ, ки аз гузаштаи дур то ба имрӯз расидааст, ҳусни боғро дучанд гардониданд. Ҳамзамон барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳунармандону кадбонувон ва кишоварзони ноҳияи Шаҳринав намоиши ҳунарҳои дастии қадимӣ, маҳсулоти нонӣ, шириниву таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод карданд. Корхонаҳои саноатӣ ҳам дастовардҳои худро ба маъраз бароварданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






