Дарсҳои омӯзишии иқтисодии сайёр дар вилояти Суғд
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-12 ва 13 май дар бинои филиали №23 БДА ҶТ Амонатбонк дар вилояти Суғд дар мавзӯи Усулҳои муосири баҳодиҳии қобилияти бозгашти қарзҳо аз ҷониби мизоҷон ва тартиби нави пардохти қарзҳо дарсҳои омӯзишии иқтисодии сайёр баргузор шуданд. Дарсҳои омӯзиширо тренери варзидаи ҷумҳурӣ, муовини якуми раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Раҳмат Сайисмонов гузаронид. Бино ба гуфтаи Раҳмат Сайисмонов мақсад аз дарсҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони муассисаҳои Амонатбонк дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ буда ва аз ин қабл барои кормандони қарзии филиалҳои Амонатбонк дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Вилояти мухтори Бадахшони Куҳӣ чунин дарсҳо баргузор шуданд.Дар шароити кунунӣ, ки рақобат дар бозори ташкилотҳои қарздиҳии кишвар хеле вусъат гирифтааст, кормандони бонкҳо бояд аз усулҳои муосири корбарӣ бо мизоҷон огоҳ бошанд ва бо ин мақсад чунин дарсҳо гузаронида мешаванд, -таъкид дошт Р.Сайисмонов. Ҳамчунин дар назар аст, ки чунин дарсҳои омӯзишии сайёр барои кормандони бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барпо гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






