Даври интихобии озмуни «Пули забони чинӣ»
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ибтикори сафорати ҶМЧ дар ҶТ, Маркази Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Гимназияи «Кафолат» — и шаҳри Душанбе 20 май дар гимназияи мазкур таҳти шиори «Кӯдакон гулдастаҳои олам» даври интихобии пайти 8 уми озмуни «Пули забони чинӣ» баргузор шуд.Дар маросим намояндагони корпуси дипломатии сафорати ҶМЧ, Маркази Конфутсий, ҳамчунин меҳмонони сершумор ширкат доштанд. Дар толори гимназия даври интихобии озмун дар амри донистани забони чинӣ барои хонандагони Литсей интернати президентӣ, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 94, мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, гимназияи № 1, гимназияи «Кафолат» — и Маркази Конфутсий баргузор шуд. Дар анҷоми озмун хонандагони макотиби зикршуда барномаи консертиро манзури меҳмонон намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






