Дурнамои равобити Душанбе ва Исломобод
Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Исломобод машварати байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир гардид.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро Низомиддин Зоҳидӣ -муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амҷад Ҳусайн Б. Сиал (собиқ сафири Покистон дар Тоҷикистон), алҳол Дабири хоси Вазорати корҳои хориҷии Покистон роҳбарӣ намуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо тасмими худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид карданд.
Дар машварат таъкид гардид, ки Тоҷикистону Покистон дар мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ мавқеи муштарак дошта, дар ҳалли масъалаҳое, ки ба онҳо алоқаманданд, ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






