Фурӯши хушкмева ва асал дар «Шоҳмансур» мамнӯъ шуд
Душанбе, 14.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд дар бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе хушкмева, аз қабили мавиз, писта, бодом, чормағз, фундуқ, донаи зардолу, ғулинг, нахуди бирён, анҷир, инчунин асал фурӯхта намешавад.
Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонд, ки тибқи он фурӯши хушкмева ва асал дар ин бозор қатъ гардида, фурӯшаш дар бозори «Пойтахт -90» ба роҳ монда мешавад. Ҳадафи ин тадбир бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар атрофи бозори «Шоҳмансур, аз байн бурдани ҳолатҳои танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои Нисор Муҳаммад ва Лоҳутӣ арзёбӣ мегардад.
Тибқи ин қарор ба роҳбарияти бозори «Шоҳмансур» дастур дода шудааст, ки минбаъд дар ин бозор ба фурӯши молҳои саноатӣ роҳ надиҳанд ва танҳо фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоиро ба истиснои хушкмева ба роҳ монанд.
Инчунин муассисаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» муваззаф шудааст, ки ҳолатҳои таваққуфи дарозмуддати воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хатсайрҳои №4,8,16,18 ва 67-ро, киаз тариқи роҳҳои атрофи бозори «Шоҳмансур» мегузаранд, бартараф намуда, назорати ҳамарӯзаро дар ин самт ба роҳ монад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






