Гирдбоди шадид дар Олмон
Душанбе,06.05.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Аз бегоҳии дирӯз аст, ки дар қисми шимолии Олмон гирдбоди шадид ба амал омада, 1 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар минтақаи шимолии мамлакат ба амал омадааст. Аз маркази ҳавошиносии ин мамлакат хабар медиҳанд, ки вазъияти мазкур барои чанд рӯзи дигар бидуни тағйир боқӣ хоҳад монд.
Душанбе,06.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Як чархи ҳавопаймои «Ил-76»-и Украина, ки ҳомили шаҳрвандони ин кишвар буд, ҳангоми бар замин нишастан дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон хароб гардид. Мувофиқи маълумоти расида, дар ин ҳодиса ягон нафар аз мусофирон ва аъзои ҳайати сарнишин зарар надидааст. Дар айни ҳол мутахассисон барои иваз намудани чархи вайрони ҳавопаймо тадбирҳои амалӣ анҷом доданд. Ба иқрори намояндаи масъули фурудгоҳ баъди таъмиру тармим ҳавопаймо мувофиқи реҷа парвози худро идома хоҳад дод.
Душанбе,06.05.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тӯли чанд рӯз аст, ки дар минтақаҳои гунонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кормандони сохторҳои қудратӣ ба таври густурда амалиёти зиддитеррористӣ мегузаронанд. Гуфта мешавад, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар вилоятҳои Қандаҳор, Урузгон, Нангарҳор, Ҳилманд, Бодғис, Фароҳ ва Пактиё гузаронида шуд, дар ҷараёни ин амалиёт 27 нафар силоҳбадаст ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар захмӣ гардид. Аз кормандони мақомоти полис касе осеб надидааст. Ҳадаф аз ин амалиёт поксозии минтақаҳо аз террористон мебошад.
Душанбе,06.05.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар кишвари Забайкалйеи Федератсияи Русия сӯхтори ҷангалзор то ҳол идома дорад. Мувофиқи маълумоти охир масоҳати сӯхтори бешазор 67 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Барои бартараф намудани сӯхтор зиёда аз 10 ҳазор нафар оташнишону ихтиёриён бо истифода аз 139 адад техникаи махсус фаъолият мебаранд. Вобаста ба ҳолати ба мавҷуда, дар кишвар вазъи фавқулода эълон гардидааст, зеро масоҳати сӯхтор рӯз то рӯз афзоиш ёфта, ба минтақаҳои аҳолиниш наздик меояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






