Хатми омӯзиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ёрии зиддитеррористӣ
Душанбе, 15.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз,15 майи соли равон муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амнияти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Трэй Ҳовертон 22 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Пурсиши гумонбарони терроризм» дар доираи Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (Барномаи АТА) табрик намуд.
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳадаф аз гузарондани ин омӯзиш рушди малакаҳои самараноки гӯш кардану мушоҳида кардан мебошад, ки ба иштирокчиён имконият медиҳад маълумоти тавассути пурсиши гумонбарони терроризм ҷамъшударо ба таври васеъ истифода бурда, таҳрифи ин маълумотро коҳиш диҳанд.
Гуфта мешавад курси таълимии мазкур яке аз 4 курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2015 ба нақша гирифта шудааст. Омӯзиши мазкур аз тарафи Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида шуд.
Омӯзгорони Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти худ усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода бурда, изҳори бовар шуд, ки иштирокчиёни курс дар навбати худ дониши азхудкардаро бо ҳамкасбонашон мубодила хоҳанд намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






