Хуҷанд: Омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон
Душанбе, 27.05.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1- уми июн таҷлил мегардад, чорабинии пуршукӯҳ доир хоҳад шуд.
Дар ин рӯз Маҷмаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба идҷой табдил хоҳад ёфт. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд 1- уми июн дар маҷмаа намоиши маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ аз ҷониби кӯдакону наврасон омода гашта, адабиёти бачагона, барномаи консертии ҳунармандони ҷавон баргузор гашта, бо қувваи табиатдӯстони ҷавон «Гӯшаи зинда» -и паррандаҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвонот ташкил мешавад.
Масъулини чорабинӣ ният доранд бо мақсади ташаккули завқи зебоипарастӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш озмуни «Расми беҳтарин дар асфалт» ва мусобиқаҳои тенниси рӯи мизӣ, шоҳмоту шашкаро низ доир намоянд.
Дар чорабинӣ барои ҳозирон барномаи консертии истеъдодҳои ҷавон пешкаш хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






