Иҷлосияи шашуми гурӯҳи коршиносони СММ анҷом ёфт
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Иҷлосияи шашуми гурӯҳи коршиносон оид ба таснифи захираҳои моддаҳои минералӣ ва сӯзишвории СММ корашро дар шаҳри Женева анҷом дод.
Дар иҷлосия беш аз 200 нафар вакилони кишварҳои ҷаҳон ширкат доштанд. Намояндагии Тоҷикистонро дар иҷлосия муовини якуми сардори Сарраёсати геология Раҳмонбек Бахтдавлатов ба уҳда дошт.
Тавре ки Сарраёсати геологияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Раҳмонбек Бахтдавлатов дар ҷаласа дар мавзӯи «Масоили геология дар бахши истифодаи маъданҳои зеризаминӣ» маърӯза кард.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори СММ таснифи захираҳои моддаҳои минералӣ ва сӯзишворӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ шуда, ин амал раванди ҷалби маблағҳоро ба соҳаи истихроҷи маъдан осон месозад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






