Иҷрои пурраи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1-уми апрели соли 2015 даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аввалин шуда комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Дар давоми иҷрои нақшаи даъват 30-юми апрели соли ҷорӣ якумин шуда вилояти Хатлон, 1-уми май чаҳор навоҳии пойтахт, 5-уми май шаҳру навоҳии вилояти Суғд, баъдан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро пурра ба анҷом расониданд.
Умуман 12 майи соли 2015 даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардида, фаъолияти мақомоти масъули даъват дар шаҳру навоҳии мамлакат то охири моҳи май идома меёбад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






