Идомаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ

Май 29, 2015 09:27

Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28 майи соли 2015 дар Давлати Кувайт ҷаласаи 42-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ҳузур дорад, кори худро идома бахшид.
Дар нимаи аввали рӯз суханронии роҳбарони ҳайатҳо идома ёфт. Зимнан, Н.Зоҳидӣ дар он иштирокчиёни чорабиниро бо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои мубрами олами ислом, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шудаанд, шинос кард ва аз кишварҳои аъзои СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дарпешистодаи байналмилалӣ дар мавзӯи об дар шаҳри Душанбе даъват ба амал овард.
Дар ҳошияи рӯзи дуввуми кори ҷаласа  мулоқоти дуҷонибаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Холид Сулаймон Ҷоруллоҳ сурат гирифт ва зимни он тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушду тақвияти равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима ва ибрози назар қарор доштанд.

Май 29, 2015 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад