Идомаи бозтоби Конфронси оби Душанбе дар расонаҳои мисрӣ

Май 6, 2015 09:22

Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 5 майи соли 2015 рӯзномаи “ал-Ҷумҳурия” (рӯзномаи мазкурро роҳбари собиқи Миср Ҷамол Абдунносир соли 1953 таъсис додааст) хабареро дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбтиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни соли 2015 баргузор мегардад, ба шарҳи зер чоп кардааст:
“Даъвати Маҳлаб барои ҳузур дар Конфронси байналмилалии об дар Тоҷикистон
Навиштаи ас-Сайид Ҳонӣ. Иброҳим Маҳлаб, Нахуствазир аз Сарвазири Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар — Душанбе баргузор гардида, онро Президент Эмомалӣ Раҳмон хоҳад кушод, даъватнома гирифт.
Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ ба “ал-Ҷумҳурия” таъкид намуд, ки кишвараш таваққуъ дорад, ки Миср ба сифати кишвари меҳварӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва Африка, ки ҳар ду бо камбуди об рӯбарӯ мебошанд, дар ин конфронс ба гунаи фаъол ширкат хоҳад намуд.”
 
 

Май 6, 2015 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид