Идораи экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот

Май 8, 2015 10:27

Душанбе, 8.05.2015. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Дирӯз дар меҳмонхонаи «Шератон» бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ семинари солона доир ба фаъолияти лоиҳаи «Идораи экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» баргузор гардид. Дар семинар раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода иброз дошт, ки мақсади умумии лоиҳа- ин дастгирии мардуми деҳот барои афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй бо беҳтар гардонидани истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини пойдорӣ ба тағйирёбии иқлим дар ноҳияҳои осебпазири интихобгардида мебошад.
Зикр гардид, ки фаъолиятҳои лоиҳа дар ноҳияҳои интихобии дорои мавқеи муайяни ҷуғрофй, яъне поёноб — ноҳияҳои Фархор ва Кӯлоб, доманакӯҳ- Балҷувон ва Ховалинг ва инчунин баландкӯҳ -Тавилдара ва Ҷиргатол амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки иштирокчиёни лоиҳа на кам аз 21000 хоҷагиро ташкил медиҳанд, ки ин қариб 126 000 нафар мешавад (ба ҳисоби миёна 6 нафар дар як хоҷагй). Аз ин шумора на кам аз 40%-ро занон ташкил хоҳанд дод. Лоиҳаи мазкур аз ду қисм иборат буда, дар давоми 5 сол амалӣ мегардад.
Дар семинар сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок доштанд. 

Май 8, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш