Ифтитоҳи маркази омӯзиши дӯзандагӣ дар Хуҷанд

Май 15, 2015 09:27

Хуҷанд, 15.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи раванди эҳёи ҳунарҳои миллӣ боз як маркази омӯзиши дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар роҳбари намояндагии бахши суғдии Кумитаи  Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, дирӯз бо ибтикори роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо ҳамдастии бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Ҳумайнӣ дар назди хобгоҳи коллеҷи мазкур, ки дар он наздик ба 300 нафар ҷавондухтар иқомат дорад, се коргоҳи ҷадиди омӯзишӣ барои 35 нафар бону дар риштаи қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. 
 Ба гуфти Ф.Ашурматов, ин иқдом дар пояи татбиқи иқдоми наҷиби раиси вилояти Суғд    Абдураҳмон Қодирӣ баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ  амалӣ шуда, барои минбаъд баъд аз дарсҳо ба касбомӯзи машғул гардидани муҳассилини ин таълимгоҳ, аз ҷониби Кумитаи Имдод барои ин марказ 10 адад мошинаи дарздӯзӣ ва 10 адад дастгоҳи қолинбофии дастӣ эҳдо гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова ва роҳбари кумитаи занони раёсати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ роҳандозии маркази мазкурро дар соли оила фоли нек хонданд. Маъмурияти Коллеҷи омӯзгорӣ  дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдод  нақша доранд боз як коргоҳи ҷӯшкорӣ ва лӯлакаширо ба роҳ монда, ба  ин васила дӯхтани либоси ягонаи донишҷӯёни  донишкадаро ба роҳ монанд. 

Май 15, 2015 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа