Ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ — мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ»
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- 27 май сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ Осорхонаи таърихӣ — мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ» — ро дар вазъияти ботантана ифтитоҳ намуданд.
Мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ», ки дар нимаи дуюми асри ХУП (солҳои 1659 — 1669) бунёд шуда буд, таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад. Моҳи сентябри соли 2013 Созмони ҷамъиятии «Тараққиёт» — и Тоҷикистон барои таъмири мадраса аз ҳисоби қарзи бебозгашти «Хазинаи сафир барои ҳифзи осори фарҳангӣ» — и ҳукумати ИМА 79 ҳазору 600 доллари ИМА тахсис дод.
Тавре ки аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, хазинаи мазкур барои ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии беш аз 100 кишвари тараққиёбандаи саросари ҷаҳон маблағ ҷудо мекунад.
Хазинаи сафир ҳамчунин барои интишори феҳрасти ёдгориҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон, ки онро Вазорати фарҳанг ба ифтихори 20 — солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуд, маблағ ҷудо кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






